Россия Саидиро бо медали тилло қадрдонӣ кард

Дилафрӯз Саидӣ, ректори Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд  аз тарафи Россия бо медали тиллои «Барои кори навоварона дар соҳаи маориф» сазовор гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд баъди анҷоми конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба дастоварди 30 соли Истиқлол дар вазъияти тантанавӣ медали тиллоро ба Дилафрӯз Саидӣ тақдим намудааст.

Тавре ки аз раёсати донишкадаи мазкур ба Pressa.tj хабар доданд, медали мазкур бори аввал ба роҳбарияти муассисаи таҳсилоти олии кишвар дода мешавад.

Дилафрӯз Саидӣ бо пешниҳоди беш аз 30 шаҳодатномаи илмии донишкада, ки бештарашон дар соҳаи илмҳои техникӣ мебошанд, аз байни тамоми муассисаҳои олии кишварҳои ИДМ ғолиби озмун дониста шудааст.

Дилафрӯз Саидӣ номзади илмҳои техникӣ, дотсент ва аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои муҳандисии Тоҷикистон мебошад. Номбурда рисолаи номзадиашро аз рӯи илмҳои техникӣ дар Россия ҳимоя кардааст.

Ҳайати эҷодии сомонаи Pressa.tj олими тоҷик Дилафрӯз Саидиро барои шарафёб шудан ба ин мукофоти сатҳи баланд шодбош намуда, дар ҷодаи корҳои илмӣ-таълимӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос барор мехоҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *