Русия ҳам ба Афғонистони толибӣ кӯмак мефиристад

Ҳавопаймои вазорати мудофиаи Русия кумакҳои башардӯстонаро ба Кобул мерасонад, хабар медиҳад рӯзномаи «Известия» бо такя ба Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Афғонистон.
Жирнов гуфтааст, ки нахустин парвоз бо кумаки башардӯстона рӯзи панҷшанбе ба Афғонистон сурат мегирад. Барои сокинони Афгонистон 36 тонна хурокворй, дору ва молхои зарурии рӯзгор фиристода мешавад.
«Парвозҳои махсуси вазорати дифои Русия, ки шаҳрвандони моро интиқол медиҳанд, ба Афғонистон кумаки башардӯстона, ки Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ташкил додааст, интиқол медиҳанд. Баъдан боз ду гурӯҳи ҳавопаймоҳои нақлиётии ҳарбӣ бо кумаки зарурӣ хоҳанд омад», -изҳор доштааст Жирнов.
Ба гуфтаи дипломат, дар маҷмуъ Русия тасмим гирифтааст, ки беш аз 100 тонна кумаки башардӯстона фиристад. Тавре Жирнов қайд кард, Толибон (дар Тоҷикистон мамнӯъ) кафолат додаанд, ки кумакҳои расонидашуда дар байни ниёзмандон тақсим карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *