Русия Акаевро ба Бишкек дод

КДАМ-и Қирғизистон гуфт, собиқ президенти ин кишвар Аскар Акаев аз Маскав ба Бишкек интиқол дода шуд ва ҳоло дар бинои КДАМ қарор дорад. Дар изҳороте, ки 2 август аз ҷониби дафтари матбуоти КДАМ нашр шуд, омадааст, ки Акаеви 76-cола аз рӯи парвандаи фасод дар тарҳи “Қумтор” дар ҷустуҷӯ қарор дошт.
Дар изҳорот гуфта шудааст, ки «дар натиҷаи чораҳои андешидаи КДАМ, собиқ президент Аскар Акаев ба Бишкек оварда шуд ва ҳамон замон ба ихтиёри гурӯҳи тафтишотӣ гузашт. Ҳоло ӯ дар бинои КДАМ аст ва бо иштироки ӯ корҳои тафтишотӣ барпо мешавад». КДАМ гуфтааст, ки тафсилоти қазия нашр хоҳад шуд.
Чанде пеш аз ин хабар дода шуд, ки Аскар Акаеав 2 август ба Бишкек меравад.
Акаев солҳои 1990 то 2005 президенти Қирғизистон буд. Бо сар задани инқилоби лолаӣ ӯву аъзои оилааш дар Русия сарпаноҳ ёфтанд ва худи ӯ ҳеҷ гоҳ ба Қирғизистон нарафта буд.
8 июл раҳбари КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфт, ки президентони собиқ Аскар Акаев ва Қурмонбек Боқиев дар чаҳорчӯби парвандаи марбут ба тарҳи “Қумтор” ва фасоди молии марбут ба ин қазия дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Ҳукумати Қирғизистон гуфтааст, ки дар додгоҳи байналмилалӣ оид ба ин қазия собит хоҳад кард, ки ширкати канадаии Centerra Gold Inc. ба раҳбарони собиқи кишвар пора додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *