Сабаби нави фавт аз коронавирус дар таҳқиқоти олимон

Натиҷаи таҳқиқоти олимони шведӣ маҷаллаи Plos one нишон медиҳад, ки фарбеҳӣ хатари марг аз коронавирус ва ҷараёни шадиди онро зиёд мекунад.

Гуфта мешавад, ки бемороне, ки вазни зиёдатӣ доштаанд ва синну солашон аз 35 боло будааст, ду баробар бештар ба шуъбаи эҳё меафтидаанд ва қурбонии коронавирус мешудаанд. Дар рафти кор, мутахассисон маълумот дар бораи 1,649 бемор дар шӯъбаҳои эҳё дар саросари Шветсияро таҳлил кардаанд, ки вазни аксарияти онҳо чанд маротиба аз меъёр зиёдтар будааст.

«Ҳолати одамони фарбеҳ ҳангоми бистарӣ шудан бо коронавирус бояд бодиққат назорат карда шавад», — гуфтанд олимон.

Бояд гуфт, ки коршиносон дар саросари ҷаҳон сабабҳои марг аз коронавирусро таҳқиқ мекунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.