Сада дар Хатлон

Дар шаҳри Бохтар ҷашни миллии Сада таҷлил карда шуд. Дар оғоз дастоварди кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода гуфт, соли 2020 деҳқонон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони беш аз 426 ҳазор гектар кишти асосӣ ва 130 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузарониданд, ки аз нақша барзиёд мебошад. Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ бошад ба 16 миллиарду 985 милион сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он 9,5 фоизро ташкил мекунад,-таъкид кард вай. Қурбон Ҳакимзода таъкид кард, ки дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 48 дарсади ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, 80 дарсади полезӣ, 64 фоизи ғалладонагиҳо, 60 дарсади пахта, 57 фоизи сабзавот, 65 дарсади пашм, 57 фоизи гӯшт, 50 фоизи шир, 43 дарсади меваю ангурро дар кишвар деҳқонони вилояти Хатлон истеҳсол мекунанд.
—Соли сипаригардидаи 2020 аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 108 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки 120 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Дар охир 55 мутахассиси фаъоли соҳаи кишоварзии вилоят қадрдонӣ карда шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *