Садамаҳои маргзои рӯзҳои истироҳат

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз сабти панҷ садамаи маргбор хабар додааст, ки тайи ду рӯзи истироҳати гузашта рух додаанд

Рӯзи 14-уми августи соли 2021, тахминан соати 8:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Саидҳомуддинов Муҳамадҷон Сайдқуллович, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Балҷувон ба самти ноҳияи Данғара дар роҳи мошингарди кӯчаи К.Қурбонови ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ғашова Шарофат Файзуллоевна, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Данғараро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Ғашова Ш.Ф. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.


Инчунин, рӯзи 14-уми августи соли 2021, тахминан соати 15:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Корола”, Сайдуллоев Насимҷон Нуруллоевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Рашт ба самти шаҳри Ваҳдат, дар роҳи автомобилгарди Ваҳдат-Рашт-Лахш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур, Сайдуллоев Ҳамза Нуруллоевич, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.


Ҳамзамон, рӯзи 15-уми августи соли 2021, тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Чақалов Исматулло Сайдуллоевич, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати деҳоти М.Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар деҳаи И.Шарифи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи мазкур аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, бо воситаи нақлиёти тамғаи “Моторола”, ки таҳти идораи Баротов Ғулом, ки аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти деҳаи Меҳробод ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Моторола” Баротов Ғ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.


Ҳамин тариқ, рӯзи 14-уми августи соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс С”, Раҳмонов Исломиддин Саидович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, велосипедрони ноболиғ Бутаев Шаҳобиддин Ҷунайдуллоевич, соли таваллудаш 2004, сокини ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи мазкурро, ки роҳро аз тарафи чап ба рост убур мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, велосипедрони ноболиғ Бутаев Ш.Ҷ. ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.


Мутаассифона, рӯзи 15-уми августи соли 2021, тахминан соати 00:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ласети”, Холалиев Бекмурод Алиҷонович, соли таваллудаш 1999, сокини ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идора кардани автомашинааш набаромада, автомашинаро ба канори рости роҳ чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Халилзода Ҳасан Тоҳир, соли таваллудаш 1998, сокини ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи А.Ҷомӣ, ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *