Садама ронандаро кушту се нафарро бистарӣ намуд..

Садамаи маргборе дар роҳи мошингари Ёвон — Душанбе рух дод, ки дар натиҷа як нафар ҳалок ва сеи дигар дар беморхона бистарӣ гардиданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, садама нисфирӯзи 20 июл дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Султонобод рух додааст.

Ронанда сокини 22 — сола ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингари Ёвон — Душанбе аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, чаппа шудааст, мегӯяд манбаъ
Ҳангоме, ки ронандаи маҷруҳро ба бемористон меоварданд вай дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштан дар нимароҳ ҷон дод.

Ҳамзамон, се мусофири дигар, ки яке сокини 20 — солаи деҳаи Чоргултеппа ва дуи дигар сокинони 18 ва 11 — солаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ мебошанд, ки дар бемористон бистарӣ шудаанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *