Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Садриддинов 430 ҳазор долларро куҷо бурд?

Моҳи ноябри соли 2010 аз шаҳри Дубайи АМА ба шаҳри Бишкек ва аз он ҷо ба макони қарордошти имрӯзааш Аврупо фирор мекунад

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15 октябр хабар дод, ки нисбат ба Садридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович (Муҳаммадиқболи Садриддин), санаи таваллудаш 15-уми майи соли 1978, зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, бар асоси қисми чоруми моддаи 247-уми Кодекси ҷиноятии ҶТ бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи махсусан калон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ӯро таҳти кофтукови расмӣ қарор додааст. Муҳаммадиқболи Садриддин, сардабири сомонаи «Ислоҳ”, ки феълан дар Аврупо паноҳанда шудааст, ба он айбдор мешавад, ки ҳанӯз соли 2010, замони дар Дубай буданаш бо ваъдаи 10-12% даромад 430 ҳазор доллари се шаҳрванди Тоҷикистон Кабутов Неъматулло Бадриддинович, Холов Сиёвуш Имомқулович ва Қаюмов Носиҳиддин Шарифовичро гирифта, дигар барнагардондааст. Муҳаммадиқболи Садриддин ин иттиҳомро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Ба гуфтаи Прокуратураи генералӣ , «баррасӣ ва санҷиши аризаҳо нишон дод, ки Садуридинов М.Қ. моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб, дар ҳузури шоҳидон шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон Давронов М., Эркинов X. ва шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Шерматов Ч. бо роҳи қаллобӣ, даромадан ба боварӣ, бо овардани ривоятҳо аз Қуръон ва ҳадисҳо аз Пайғамбари дини ислом, аз шаҳрвандони ҶТ Кабутов Н.Б. 130 000 доллари ИМА, аз Холов С.И. 120 000 доллари ИМА ва аз Қаюмов Н.Ш. 180 000 доллари ИМА (ҷамъан 430 ҳазор доллари ИМА) гирифта, ваъда медиҳад, ки дар баробари маблағи аз онҳо гирифтааш, ҳармоҳа аз 10 то 12 % фоида хоҳад дод. Барои ба даст овардани боварӣ, Садуридинов М.Қ. ду моҳи аввал аз маблағи додаашон 5-6 % маблағи пулиро ҳамчун даромади бадастомада бармегардонад ва баъди сипарӣ шудани ду моҳ, ба Кабутов Н.Б., Холов С.И. ва Қаюмов Н.Ш. дар бораи муфлис шудани тиҷорати худ хабари бардурӯғ дода, ҳар гуна баҳонаҳоро пеш оварда, моҳи ноябри соли 2010 аз шаҳри Дубайи АМА ба шаҳри Бишкек ва аз он ҷо ба макони қарордошти имрӯзааш Аврупо фирор мекунад.”

Дар умум Садуридинов М.Қ. ба тасарруфи 430 000 доллар ва расондани зарари махсусан калони иқтисодӣ ба ин се шаҳрванд айбдор мешавад.

«Бо дарназардошти он, ки дар кирдорҳои Садурдинов Муҳаммадиқбол Қаландарович аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ бо расонидани зарари махсусан калон) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавҷуданд, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва кофтукови расмӣ эълон карда шуда, тафтишоти пешакӣ бо он идома дорад», — хабар додааст маркази матбуоти прокуратура.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj