Сафарбаркунии 20 ҳазор сарбози эҳтиёти ба марз

Вазъи ноороми Афғонистон ва даргириҳо миёни Толибон ва ҳукумати вақти ин кишвар боиси нигарониҳои зиёде гардидааст.

Махсусан баъди ҳаводиси забти манотиқи назди сарҳадии Тоҷикистон Ҷамоҳири Осиёи Миёна махсусан Ӯзбекистону Тоҷикистон пайи пурқувватгардонии марзҳои худ чораҳои фаврӣ андешиданд. Ва ҳамзамон нигаронии Қазоқистону Руссия ба рафти ин ҳаводис низ хоса буда, онҳо аз расонидани кӯмакҳои худ барои мустаҳкам гардонии сарҳадоти ин кишварҳо бар назари неканд.

Марбут ба раванди чунин ҳаводис Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 июл дар тамосҳои телефонии худ бо роҳбарони Русия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон ва ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯрои амният вазъи мураккабшуда дар Афғонистонро баррасӣ карда, дар ҷаласаи Шӯрои Амният ба вазири мудофиа Шералӣ Мирзо амр додааст, ки барои мустаҳкамкунии марз бо Афғонистон 20 ҳазор сарбози эҳтиётиро сафарбар кунанд. Русия ба Тоҷикистон барои ҳифзи беҳтари марзҳояш бо Афғонистон кумак пешниҳод кардааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 км марзи мустақим дорад, ки рӯи маҷрои Амӯдарё ва Панҷ мегузарад. Ҳимояти аксари манотиқи ин марз ба далели релефи мураккаби кӯҳистониаш хеле мушкил аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *