Сафиаллоҳ зани дуюмашро буғӣ карда куштааст.

Аз хашми зиёд гулӯи ӯро даҳ дақиқа фишурдааст

Суди ноҳияи Айнии вилояти Суғд Сафиаллоҳ  Раҳмоновро  бо гуноҳи куштани ҳамсараш 11 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳукм рӯзи 14-уми октябр содир шуд.

Ҷасади Шукрона Ҳайдароваи 26-сола аз деҳаи Урметани ноҳияи Айниро шаби 4-уми августи имсол дар хонааш пайдо карданд. Наздикони шавҳараш, Сафиаллоҳ Раҳмонов, иддао доштанд, ки ӯ худро овехтааст. Вале пайвандонаш ва муфаттишон ба кушта шудани ӯ таъкид доштанд.Сафиаллоҳ Раҳмоновро бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне «куштор» маҳкум кардаанд. «Сафиаллоҳ Раҳмонов дар мурофиаҳои судӣ ба кирдори худ, яъне куштани ҳамсараш иқрор шуд ва изҳори пушаймонӣ кард. Вай гуфт, бо ҳамсараш Шукрона Ҳайдарова муноқиша карда, аз хашми зиёд гулӯи ӯро даҳ дақиқа фишурдааст.»-гуфтааст як судяи ин парванда. Волидони Шукрона Ҳайдарова аз ҳукми суд  розӣ нестанд. Умеда Муродова, вакили мудофеи онҳо, рӯзи панҷшанбе гуфтааст,ки  барои  бозбинии ҳукм талош мекунанд.Аз ӯ ду фарзанди ноболиғ мондааст, ки ҳоло дар тарбияи волидони Шукрона қарор доранд.Тавре тафтишот муайян намудааст, Шукрона зани дуюми Сафиаалоҳ будааст ва бо зани авалаи ӯ дар як ҳавлӣ зиндагӣ доштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *