Сафири Амрико Маскавро тарк кардан намехоҳад

Президенти ИМА Ҷо Байден фармоне содир кард, ки мувофиқи он алайҳи Русия таҳримоти нав ҷорӣ мекунад.

Сафири ИМА дар Маскав Ҷон Салливан, сарфи назар аз тавсияи ҷониби Русия “барои машварат” аз сафар ба Вашингтон даст кашид ва Маскавро тарк кардан намехоҳад . Салливан мегуяд,ки агар ҷониби Русяи хоҳад,ки ӯ Маскавро тарк кунад, бояд ӯро аз пойтахти Русия зуран берун кунанд. 16 апрел вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров эълом дошт, ки Кремл ба сафири ИМА дар Маскав Ҷон Салливан маслиҳат додааст, ки барои машварат дар бораи муносибатҳои кунунии байни ду кишвар ба ватанаш баргардад. Ба гуфтаи вазир, чунин тавсияро ба дипломат ёвари президент Юрий Ушаков додааст. 15 апрел Салливан бо сабаби маҳдудиятҳои нави зидди Русия ба Вазорати корҳои хориҷии Русия даъват карда шуд. Вазорат ба ӯ дар бораи як қатор чораҳои ҷавобӣ аз Маскав маълумот дод. Президенти ИМА Ҷо Байден фармоне содир кард, ки мувофиқи он алайҳи Русия таҳримоти нав ҷорӣ мекунад. Маҳдудиятҳо ба чанд шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дахл доштанд.Сабаби ин ,фаъолияти гӯё душманонаи Русия дар соҳаи киберҳуҷум, дахолат ба интихобот дар Иёлоти Муттаҳида ё дигар кишварҳои хориҷии ҳампаймони Амрико мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *