Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сафорати ИМА барои таъмири посгоҳи марзӣ 570,000 доллар ҷудо намуд

Кордори сафорати ИМА Ҷон Гинкел ва муовини Фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон полковник Саодатзода Раҷаб дар маросими супоридани посгоҳи марзӣ барои нерӯҳои марзбонии назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкат варзиданд.

Ин посгоҳи марзӣ, ки бо маблағи 570,000 доллар таъмиру бозсозӣ шудааст, барои нерӯҳои марзбонӣ имконоти иловагӣ барои назорат ва посбонии марз бо Афғонистонро дар минтақаи Шаҳритуси вилояти Хатлон фароҳам меорад.

Иншооти мазкур иқтидори нерӯҳои сарҳадиро барои пайгирӣ ва пешгирии вайронкунии марзҳо (тақрибан 15-20 километр) ва муқовимат бо таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, қочоқ ва ифротгароии зӯроварӣ, ба таври назаррас баланд мебардорад…

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.