Шикастҳои пайдарпайи Толибон: 100 куштаву 505 захмӣ

Дар вилояти Ҳирот дар шимолу ғарби Афғонистон нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангҷӯён набардҳои шадид мебаранд.

Пас аз бозпас гирифтани низомиёни афғон минтақаи Ғузари вилояти Ҳиротро аз Толибон як қатор задухӯрдҳо сар заданд. Дар ҷараёни амалиёт беш аз 100 ҷангҷӯён несту нобуд карда шуданд.

Иддае аз манбаъҳо гузориш медиҳанд, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ барои тағир додани вазъ кумак кардааст.
Пас аз як муддати кӯтоҳ, Толибон* дубора ҷамъ шуданд ва хостанд аз дигар самтҳо ба Ҳирот ҳамла кунанд ва онҳо ҳатто тавонистанд дар минтақаҳои ҷанубӣ мавқеъ пайдо кунанд.

Абдулсабур Ғана, губернатори вилоят гуфт: «Ҳамлаи густурдаи ҷангҷӯён дар вилояти Ҳирот дар ғарби кишвар ноком шуд ва онҳо талафоти зиёд доданд».
Фурудгоҳи Ҳирот низ таҳти назорати нерӯҳои амниятии Афғонистон қарор дорад.

Сиёсатмадор гуфт, ки дар ҷараёни даргириҳо 150 ҷангҷӯ кушта ва 505 захмӣ шуданд.

Толибон, кайҳост, ки тушбераро хом шумурда буданд. Ва ин шикастҳои пайдарпайи Толибон далолат ба он мекунад, ки он ҳама сару садоҳои онҳо, ки 90 % хоки Афғонистонро зери тасарруфи худ қарор додаанд, билкул дуруғи маҳз буда, барои таъсир расондан ба асаби неруҳои амниятии Афғонистон буд. Вале, нируҳо ба он ҳангомаҳо эътиборе надода пайи ҳамлаҳои навба нав камар бастаанд. То хоки Афғонистонро аз ин гуна маразҳо пок намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *