Сафорати Русия: Қоидаҳои воридшавӣ ба кишвар дигар шуд

Қоидаҳои нав ду нуктаро дар бар мегиранд, ки барои ҳар як мусофире, ки аз дигар кишварҳо, аз ҷумла аз Тоҷикистон ба Русия меоянд, муҳиманд.

Қоидаи нави вуруд ба қаламрави Русия дирӯз эътибор пайдо кард. Дар ин бора сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар додааст.
Бар хабари манбаъ, қоидаҳои нав ҳам ба шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳам ба шаҳрвандони худи Русия дахл дорад. Ҳоло дар кишвар тартиби супоридани санҷишҳо оид ба мавҷудият ва ё набудани коронавирус тағйир ёфт.
Ба қоидаҳо вуруд бо фармони сардухтури давлатии санитарии Федератсияи Русия аз 16 апрели соли 2021 таҳти рақами 13 ба фармони № 7 аз 18 марти соли 2020 тағйирот ворид карда шуд. Қоидаҳои нав ду нуктаро дар бар мегиранд, ки барои ҳар як мусофире, ки аз дигар кишварҳо, аз ҷумла аз Тоҷикистон ба Русия меоянд, муҳиманд.
Акнун ҳар касе, ки ба қаламрави Федератсияи Русия ворид мешавад, бояд ду маротиба аз ташхиси коронавирус гузарад. Таҳлили аввал бояд дар муддати се рӯз аз рӯзи ташриф ва таҳлили дигар -дар муддати панҷ рӯз аз санаи убури марзҳои Русия гузаронида шавад.
Фосилаи байни ташхисҳои лабораторияи якум ва дуюм бояд ҳадди аққал як рӯз бошад.
Натиҷаҳои санҷиш бояд дар портали Хадамоти давлатӣ бо пур кардани варақаи «Додани маълумот дар бораи натиҷаҳои санҷиши сирояти нави коронавирус барои касоне, ки ба Федератсияи Русия меоянд» ҷойгир карда шаванд.

То маълум шудани натиҷаи ташхиси аввал бояд реҷаи худинзивоӣ қатъиян риоя карда шавад.
Шарти дуюми муҳим, озмоиши интихобии коронавирус аст, ки онро барои шаҳрвандони хориҷӣ дар фурудгоҳҳои Русия гузаронидан мумкин аст.
Инчунин як талаби ҳатмӣ барои гирифтани маълумотномаи тиббӣ дар бораи натиҷаи манфии ташхиси (ПЦР) барои сирояти коронавирус, ки на дертар аз се рӯз пеш аз вуруд ба Русия гузаронида шудааст, мавҷуд аст, илова намудааст сафорат.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *