Саховатмандтарин шахси дунё кист?

Баффет маблағи 42,8 миллиард долларро барои хайрия сарф кардааст,ки ба буҷаи чандсолаи кишварҳои миёнаҳол баробар аст.

Журнали Forbes руихати пулдорҳои саховатмандтарини дунёро ба нашр расонд Ҷои аввалро дар ин рӯихат миллиардер аз Амрико Уоррен Баффет гирифтааст.

Ӯ маблағи 42,8 миллиард долларро барои хайрия сарф кардааст,ки ба буҷаи чандсолаи кишварҳои миёнаҳол баробар аст. Асосан, Баффет ба мубориза бо камбизоатӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ кӯмак мекунад. Соли 2010, ӯ дар бораи ба ихтиёри созмонҳои хайрия додани ҳамаи сарвати худ хабар дод. Ҷойи дуввум дар рейтинги шахсони саховатмандтарин насиби Билл Гейтс гардид. Онҳо якҷоя бо ҳамсараш Мелинда 29,8 миллиард доллар хайр кардаанд. Ҷои сеюмро маблағгузор Ҷорҷ Сорос ишғол кард. Вай дар тӯли умри худ 16,8 миллиард хайр кардааст. Сорос барои таҳсилот, тандурустӣ ва мубориза бо табъиз маблағҳо ҷудо мекунад. Ғайр аз ин, ба ин рӯйхат собиқ шаҳрдори Ню Йорк Майкл Блумберг, ҳамсари собиқи Ҷефф Безос Маккензи Скотт, инчунин Марк Сукерберг ва ҳамсараш Присила Чан шомиланд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *