Саидхоҷа кист,ки парвандаашро ба суд бурданд?

Нисбати ин мансабдори собиқи Хуҷанд ҳанӯз моҳи августи соли 2020 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ дар ҳолатҳои азонихудкунӣ, исрофкорӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ муттаҳам мешавад.

Тавре Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иттилоъ додааст, Саидхоҷа Баҳоваддинов, собиқ мудири кулли КВД “Нақлиёти мусофиркашон”- и шаҳри Хуҷанд
барои аз худ кардани беш аз як миллион сомонӣ гумонбар дониста мешавад ва ҳоло парвандааш ба суд ирсол гардидааст.

Нисбати ин мансабдори собиқи Хуҷанд ҳанӯз моҳи августи соли 2020 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ дар ҳолатҳои азонихудкунӣ, исрофкорӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ муттаҳам мешавад.
Манбаъ афзудааст, ки зарари умумӣ дар доираи парвандаи ҷиноӣ 1 миллиону 41 ҳазору 880 сомониро ташкил дода, аз ин ба давлат 460 ҳазору 600 сомонӣ ва ба шаҳрвандони алоҳида 581 ҳазору 280 сомонӣ рост меояд.
Бар пояи иттилои Раёсати мубориза бо коррупсия, парвандаи ҷиноӣ алайҳи Баҳоваддинов бар асоси чор моддаи Кодекси ҷиноӣ — 245 қисми 4 банди “б”, 247 қисми 4 банди “б” , 314 қисими 1 ва 323 барои баррасӣ ба суд фиристода шуд.
Саидхоҷа Баҳоваддинов аз сентябри соли 2018 то 2019 мудири кулли корхонаи «Нақлиёти мусофиркашон» — и Хуҷанд буд. Назари бевоситаи ӯ дар мавриди айбҳои эълонкардаи мақомот алайҳаш феълан маълум нест.
Дар маҷмуъ ба иттилои раёсати Ожонси мубориза бо фасод дар Суғд, соли гузашта 512 ҷинояти коррупсионӣ ва ё иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор карда шудааст. Дар пайи тафтиши ин парвандаҳо 21, 8 миллион сомонӣ зарар ошкор карда шуда, аз ин ҳисоб то имрӯз 12, 5 миллион сомонӣ рӯёнида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *