Сайёфи Мизроб: Барқи моро метавон хомӯш кард, аммо даҳони моро наметавон баст…

Дар ҳамоише бо иштироки рӯзноманигорон ва кормандони ВАО ва роҳбарони ташкилоту муасисаҳои рӯзноманигорӣ дар  вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо ташаббуси  ҷонишини ин ниҳод  Давлат Сафар  доир гардид, оид ба вазъи ВАО-и хусусӣ баъзе  андешаҳо ба миён гузошта шуданд, ки ҳолати кунунии нашрияҳои хусусиро изтиробангез  баррасӣ намуд.

Дар ҳамин раванд сардабири ҳафтаномаи “СССР” Сайёфи Мизроб  оид ба доир гаштани чунин як ҳамоиш ба ташкилкунандагони он изҳори сипос карда, ҳамзамон афзуд, ки доир намудани чунин нишастҳо барои  ҷомеаи рӯзноманигорон ва вазорат муфиданд, зеро дар чунин нишастҳо аз камбуду муваффақияти ҳамдигар мегӯему  огоҳ гашта, сатҳи фаъолияти касбияти худро баланд мебардорем.

Ва дар ҳамин асно барқ хомӯш гашту бо нимшӯхӣ Сайёфи Мизроб афзуд: Барқи моро метавон хомӯш кард, аммо даҳони моро наметавон баст.

Ӯ афзуд, ки дар замони ҷанги қирғиз ва халалдоршавӣ марзи кишвар, мутаассифона, ягон журналисти “грантхур” аз созмонҳои хориҷӣ, сару садо баланд накард. Зеро онҳо тарсиданд, агар чизе бинависанд ё бигӯянд, онҳоро ба семинарҳои байналхалқӣ барои қаҳванӯшӣ даъват намекунанд. 

Дар мавриди грантҳо ба матбуот. Ман бар онам, ки бояд давлат барои дастгирии ВАО-и хусусӣ ин масъаларо пайгирӣ намояд. Ва грантҳои давлативу ҳукуматӣ ба ВАО дода шаванд. Имрӯз матбуот дар тамоми ҷаҳон ба мушкилот рӯбарӯ задааст. Ин ҳолатро метавон дар кишварҳои муттараққӣ низ дарёфт.  Бинобар ин бояд дар чунин шароит барои дастгирии ВАО як қатор имтиёзҳоро фароҳам овард, то онҳо тавониста бошанд ба фаъолияти худ  дилпуррона идома диҳанд. Масалан, ин гуна кӯмакҳо метавонад бо арзон кардани 50 дарсади арзиши аслии маҳсулоти чопӣ ва дастрасии техникаи чопӣ бошад.

 Ба ақидаи Сайёфи Мизроб, матбуотро набояд назорат кард, балки ба матбуот бояд кӯмак кард.

-Дархости дигар ин ки бояд тамоми матбуоти хусусӣ дар феҳрести  ягонаи обунашавӣ  ворид карда шуда, ба раванди обунашавӣ ба ин нашрияҳо ҳамаҷониба ёварӣ намуд,- иброз дошт Сайёфи Мизроб, дар ин ҳамоиши ҳамкасбонаш дар якҷоягӣ бо масъулини соҳаи ВАО-и вазорати фарҳанг.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *