Санги азим болои мошин афтоду нӯҳ нафар ба ҳалокат расид

Санги азим болои як мошини сайёҳон бошаст афтода , ҷони 9 нафарро дар ҷойи ҳодиса рабуд.

Дар Ҳиндустон сангрезиши даҳшатборе сурат гирифт, ки дар натиҷа талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди молиро ба бор овард.

Нашрияи Tribune India менависад, ки ҳодисаи мазкур дар иёлати Химачал — Прадеш дар шимоли Ҳидустон иттифоқ афтодааст.

Офати табиӣ дар минтақаи сайёҳии Кинаур ҷони 9 нафарро гирифт. Санги азим болои мошини сайёҳон башиддат сарозер шуд, ки дар натиҷа 9 нафар дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд ва танҳо 2 кас ҷон ба саломат бурданд.

Сангрезиш пули рӯди Баспаро комилан хароб кард. Ҳамин тариқ, даҳҳо мошини сайёҳон бар асари фурӯ рафтани пул аз тафуомад боз монданд.
Манбаъ меафзояд, ду сайёҳ, ки шадидан маҷрӯҳ шуданд, ҳоло дар бемористон дар вазъияти ниҳоят вазнин қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, сарвазири Ҳиндустон Норендра Модӣ ваъда додааст, ки ба ҷароҳат бардоштагони ин ҳодисаи нохуш кӯмаки ҳамаҷониба хоҳад расонд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *