Сарҳадбонони қирғиз акнун говҳоро захмӣ карданд.КДАМ-и Қирғизистон: вазъ ором аст

Сарҳадбонони Қирғизистон Қурбонбой Зобиров, як сокини деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳро боздошт кардаанд

Ҳодисаи боздошти ин сокини Хоҷаи Аъло аз сӯи марзбонони қирғиз, ду рӯз пеш, баъди он, ки ду сар чорвои калони шохдор (гов) ба чарогоҳҳои ҷониби ҳамсоякишвар гузаштанд, сурат гирифтааст.

Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдори Исфара дар шарҳи ин хабар гуфтааст, ки шоми 26 май, марзбонони қирғиз барои убури чарогоҳ ду сар гови сокинони наздимарзии Хоҷаи Аълоро захмӣ намудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон изҳороти вакили парлумони Қирғизистон — Жогорку Кенеш Аккулу Бердиевро дар бораи он ки гӯё низомиёни Тоҷикистон сокинони ноҳияи Чон-Алайи вилояти Ошро ба чарогоҳ роҳ намедиҳанд, рад кардааст.
Тавре иттилоъ дод мешавад, дар ҳолати соати 17:00 вақти маҳаллӣ, санаи 27 май вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *