“Сарбор” соҳиби ҷоиза гардид

Дар Федератсияи Русия маросими ҷоизасупории ҷашнвораи байналмилалии “Нахустнамоиши Маскавӣ” баргузор шуд, ки дар он филми коргардони ҷавони тоҷик Манзаралӣ Шералӣ бо номи “Сарбор” соҳиби ҷоизаи махсуси ҳакамон “Барои ҷасорати гуфтан” гардид.

Ин филм пештар низ соҳиби 9 ҷоиза, аз ҷумла “Беҳтарин филми кӯтоҳи бадеӣ”, “Барои беҳтарин кори коргардонӣ” гашта буд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Манзари Шералӣ аз ҷониби “Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон” барои ҳиссаи арзишманд гузоштан дар рушди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо ҷоизаи “Шаҳрванди сол — 2021” қадрдонӣ гардид.

Амони МУҲАММАД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *