“Сарбози” ДОИШ 13 сол гирифт

Тавре расонаҳои  Русия хабар медиҳанд, суди минтақаи ғарби пойтахти Русия Шерафган Сайдалиев, шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистонро бо гуноҳи ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии ДОИШ ба 13 сол зиндон маҳкум кард.

Гуфта мешавад, ки вай дар соли 2015 аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо масъули яке аз шохаҳои гурӯҳи ДОИШ дар хориҷ иртибот барқарор кардааст.

«Сайдалиев пас аз байъат бо гурӯҳи ДОИШ борҳо аз тариқи бонк ба ҳисоби ин созмони террористӣ, пули ворид ва дар чанд амалиёт замина нақд кардани манобеи молии мавриди ниёзи аъзои ин гурӯҳро низ фароҳам кардааст, — омадааст дар иттилои манбаъ.

Мақомоти судии Маскав эълом кардаанд, ки Сайдалиев бо эътироф ба иттиҳомоташ ибрози пушаймонӣ карда ва ин сабаби кам кардани ҷазои ӯ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *