Сардор муовини сарвазир шуд

Соли 2017 вай чанд сафари хориҷӣ анҷом дода, бо мақомҳои баландпояи кишварҳои хориҷ мулоқот кард.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, президенти Туркманистон писари 39-солааш Сардор Бердимуҳаммедовро муовини сарвазир ва раиси Палатаи олии назорат таъйин кард. Ӯ ҳамакнун бахши молияии ҳукуматро контрол менамояд.
Қабл аз таъйини Сардор Бердимуҳаммедов ба ин мақом, дар бинои Палатаи олии назорат воқеъ дар хиёбони Махтумқулии Ишқобод таъмиру бозсозии фаврӣ сурат гирифта буд.
Сокинони хонаҳои наздик ҳушдор дода шудааст, ки аз ин ба баъд гузоштани мошинҳои шахсӣ дар паркҳои наздики биноҳо мамнуъ хоҳад буд.
Писари 39-солаи президенти Туркманистон дар мақоми вазири саноати Туркманистон кор мекард. Ӯ рӯзи 7-уми феврали соли 2020 ба ин мақом таъйин шуда буд.
Пеш аз ин ӯ раиси вилояти Аҳал буд. Пай дар пай боло рафтани писари раиси ҷумҳури Туркманистон дар мақомҳои давлатӣ, миёни коршиносон ин гумонзаниҳоро ба миён овардааст, ки Бердимуҳаммедови 63-сола ӯро барои ҷойнишинии худ омода мекунад.
Сардор Бердимуҳаммедов яке аз муовинони раиси кобинаи вазирон хоҳад буд, ки раҳбарии онро худи президент ба ӯҳда дорад. Ӯ ҳамчунин узви Шӯрои амнияти миллӣ хоҳад буд, ки маъмулан раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ шомили он мебошанд.
Фаъолиятҳои сиёсии писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз охири соли 2016 шуруъ шуд. Вай он замон дар интихоботи миёндавраӣ ба порлумон роҳ ёфт. Аз он замон ба баъд Сардор Бердимуҳаммадов дар арсаи сиёсиву ҷамъиятӣ фаъол шуд.
Соли 2017 вай чанд сафари хориҷӣ анҷом дода, бо мақомҳои баландпояи кишварҳои хориҷ мулоқот кард. Сардор Бердимуҳаммадов ҳамзамон дар чанд чорабинии оммавӣ ҳамроҳи падараш ҳозир шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *