Сартабиб барои надоштани ниқоб зердасташро куфт

Иҷрокунандаи вазифаи сартабиби беморхонаи ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷони Узбекистонро ба хотири латту кӯби як зердасташ аз мақом барканор карданд.
Ин ҳодиса шоми 8 март рух додааст. Сардори раёсати тандурустии вилояти Андиҷон гуфт, рафтори иҷрокунандаи вазифаи сартабиби беморхонаи ноҳияи Шаҳрихон нодуруст аст ва вай бояд ба кори дигар гузаронида шавад.
Лаҳзаи латту кӯби зердаст аз сӯи сартабиб дар дурбинҳо сабт шудааст.
Иҷрокунандаи вазифаи сартабиб Рустам Убайдуллоев ба корманди беморхона Султонмурод Абдунабиев ҳамла кардааст. Убайдуллоев мегӯяд, Абдунабиевро ба хотири надоштани ниқоб хостааст, аз беморхона берун кунад.
Аммо Абдунабиев мегӯяд, Убайдуллоев ӯро барои надоштани ниқоб латту кӯб кардааст, хабар медиҳад «озодӣ»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *