Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сарвазири Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рафт. Сабаб чист?

Дар Тоҷикистон 51 ширкат бо сармояи узбекӣ ва дар Узбекистон 178 корхона бо ширкати сармояҳои тоҷикӣ кор мекунанд

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон субҳи имрӯз барои ширкат дар ҷаласаи 8-уми байниҳукуматии комиссиюни ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии миёни Тоҷикистон ва Узбекистон вориди Тошканд шуд. Хабаргузориҳои расмии Узбекистон навиштанд, ки ин ҷаласа рӯзҳои 14 ва 15-уми май баргузор мешавад. Расулзода дар садри як ҳайати намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ба Узбекистон сафар кардааст. Ҳанӯз матбуоти расмии Тоҷикистон дар ин замина хабаре нашр накардааст.
Дар чаҳорчӯби ин сафари сарвазир, ошноӣ бо кори чандин корхонаҳои саноатии Узбекистон дар назар гирифта шудааст. Интизор меравад, ки дар поёни кори ҷаласаи комиссиюни ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии миёни Тоҷикистон ва Узбекистон созишномаҳои дуҷониба имзо мешаванд. Ҷузъиёти ин санадҳо ошкор намешавад.
Баъди сари кор омадани президент Шавкат Мирзиёев, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии миёни ду ҳамсоя вусъат ёфт.
Бар асоси созишномаҳои дутарафа, Тошканду Душанбе шарикони стратегӣ ҳастанд. Соли 2019 мақомот гузориш доданд, ки дар қиёс бо соли 2014, табодули молу коло миёни Тоҷикистону Узбекистон якбора боло рафта, аз 13 миллион доллари соли 2014 ба 362 миллион доллар дар соли 2019 баробар шуд. Ҳоло дар Тоҷикистон 51 ширкат бо сармояи узбекӣ ва дар Узбекистон 178 корхона бо ширкати сармояҳои тоҷикӣ кор мекунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.