Се кудак аз дуди ангишт фавтиданд

Дар ноҳияи Каттақӯрғони вилояти Самарқанди Узбекистон панҷ узви як хонавода заҳролуд шуда, дар натиҷа се кӯдаки ноболиғ ҷон бохтааст.
«Кӯдакони ноболиғ — писарчаи 8-сола, духтарчаи 4-сола ва тифли навзод дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтаанд. Ташхиси судӣ-тиббӣ нишон дод, ки кӯдакон бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон додаанд», — омадааст дар иттилоияи Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Самарқанд.
Вазъи волидон вазнин буда, дар бемористон бистарӣ ҳастанд.
Додситонии Каттақӯрғон таҳқиқи ҳодисаро оғоз кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *