Шаҳриёр мисли занбур “асал” медод…

Ташхис муайян кард, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи Шаҳриёр Қосимов дар таркибаш кислотаи лиму ва миқдори зиёди крахмал дорад, ки ба саломатии инсон зараровар мебошад.

Санҷиши маълумоти оперативии воридшуда ба ШВКД дар ноҳияи Деваштич тасдиқ кард, ки шаҳрванд Қосимов Шаҳриёр Акрамович, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич дидаву дониста ҷинояти фиреби истеъмолкунандаро содир намудааст.

Гумонбаршуда наздики як сол инҷониб ба истеҳсоли асали сунъӣ машғул шуда бо истифода аз шакар, кислотаи лиму, оби нӯшокӣ ва иловагиҳои маззадиҳанда маҳсулоти ба асал монандро таҳия ва дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Спитамен, Ҷ.Расулов, Хуҷанд, Б.Ғафуров, Мастчоҳ ва Конибодому Исфара ҳамчун асали табиии дар шароити куҳистон истеҳсолшуда ба фурӯш мебаровард. Бо ҳамин мақсад ҳуҷраеро дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов ба иҷора гирифта, дар шароити ғайрисанитарӣ моеъи зоҳиран ба асал монандро омода месохт.

Ташхис муайян кардааст, ки маҳсулоти истеҳсол намудаи Шаҳриёр Қосимов дар таркибаш кислотаи лиму ва миқдори зиёди крахмал дорад, ки барои истеъмол ба саломатии инсон зараровар мебошад ва метавонад ҳассосият (аллергия), яъне аксуламали музмини системаи масъунияти организми одам ба маводу маҳсулотеро ба вуҷуд орад, ки маъмулан безарар ҳастанд.

Аз таҷрибаи ҳаётӣ медонем, ки асали табиӣ давобахши бисёр бемориҳост ва табибон низ бо назардошти ҳамин омили мусбӣ хурдани асалро тавсия медиҳанд. Аммо, тавре айён гашт рафтори манфиатҷӯёнаи Шаҳриёр Қосимов моро ҳушдор медиҳад, ки дар харидорӣ ва истеъмоли асал эҳтиёткор бошем.

Ба иттилои тафтишоти пешакӣ гумонбаршуда барои таҳияи 1 кг асали сунъӣ наздики 10 сомонӣ хароҷот мекард ва онро аз 20 то 30 сомонӣ мефурӯхт. Маҳз фарқияти нархи асали худсоз нисбат ба намуди табиии он харидоронро ҷалб сохтаву фиреб хурдаанд.

Ошкор шудани ҷинояти мазкур аз тарафи милитсия, дар ҳифзи саломатии аҳолӣ бе таъсир нахоҳад буд. Айни ҳол нисбати Шаҳриёр Қосимов тибқи талаботи моддаи 294 Кодекси ҷиноятӣ — фиреби истеъмолкунанда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ҳамзамон зимни банду басти парвандаи ҷиноятӣ зам гардидани моддаи 209-и ҳамин Кодекс эҳтимол дорад.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *