Шаҳзода: Худаш гуфт, ки маро оташ зан

Муносибатҳои ошиқонаи як ҷавонзан бо ҷавони 25-сола дар шаҳри Ваҳдат ба хусумату бадбинӣ табдил ёфта, оқибат ин ҷавонзан дӯстдоштаашро бо бензин оташ зад.

Ӯ гуфтааст: «Аз пушти мошин зарфи бензинро бо «зажигалка» гирифту дар дастам дод. Ман шиштагӣ будам. Гуфт, чӣ хеле, ки маъқулат аст, то дилат хунук шудан чӣ коре, ки мекунӣ, бикун! Хесту инҷо омаду рост истод ва ду дасташро ду тараф боз карда, гуфт: «Ина, «пожалуйста!» Чӣ коре, ки мекунӣ, бикун!” Ман зарф дар дастам, дар тори санг истодаму аз тори сараш рехтам. «Бас аст фиреб, то кай фиреб мекунӣ?”.

Ҳамин тавр мехостам гӯям, ки бас аст, ки яке «зажигалка»-ро гирён кардам. Гирён кардан баробар алов давид ба сӯяш…

Ман ҳеҷ фикр намекардам, ки бадани вай ин хел безеби бад сӯхтааст.

Баъд дар роҳ гуфт, ки рост хонаатон рав, ба телефони ягон кас ҷавоб надеҳ. Маро надидаӣ ва намедонӣ…”

Ин ҳодиса рӯзи 26 август, соати 12 дар соҳили дарёи Кофарниҳон, дар деҳаи Шаҳдбор рух додааст.

Шамсиева Шаҳзода Саидбобоевна, с.т. 1999, сокини кӯчаи Салимзодаи шаҳри Ваҳдат, дар заминаи рашку бадбинӣ шаҳрванд Раҷабов Наврӯз Тоирович, с.т. 1995, низ сокини шаҳри Ваҳдатро, ки қаблан бо ӯ муносибатҳои ошиқона дошт, дар соҳили дарёи Кофарниҳон ба сару рӯяш бензин чошида, сипас оташ задааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *