“Шаби сафед” ба рӯзи сиёҳ бадал гашт…

Занозании навбатии муҳоҷирони тоҷик: ин навбат дар Петербург ва бо чеченҳо ба миён омад.

Занозанӣ назди бинои меҳмонхонаи «Белие ночи» дар шаҳри Санкт — Петербург сар задааст.

Дар Петербург тақрибан 70 муҳоҷири меҳнатӣ пас аз занозании оммавӣ боздошт гардиданд, хабар медиҳад сомонаи «Фонтанка» бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин шаҳр.

Ба иттилои манбаъ, задухӯрд дар назди меҳмонхонаи «Белие ночи» миёни муштариёни ин бино сар задааст.

Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ин ҳодиса субҳи рӯзи 29 июл хабар расид ва пасон 70 муҳоҷир боздошт ва 13 нафар ба шӯъбаи милиса интиқол дода шуданд.

Бино ба иттилои расида, нофаҳмӣ миёни муштариёни ин меҳмонхона, аз ҷумла 4 шаҳрвади Тоҷикистон ва 6 шаҳрванди Чеченистон бархоста, сипас ба занозании анҷомид, ки дар натиҷа ду нафар ҷароҳатдор шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *