Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шахсияти зани дар Варзоб ғарқшуда ҳануз маълум нест

Наҷотбахшони Раёсати хадамоти махсусгардонидашудаи ҷустуҷӯ ва
наҷотбахшии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар давоми рӯзи гузашта ҷасади як занро аз дарёи Варзоб берун овардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии КҲФ, оид ба дарёфти ҷасади зан ба қисми навбатдории ниҳод, сокинони маҳаллӣ хабар додаанд.
“Хабар дода шуд, ки ҷасад дар дарёи Варзоб ҳудуди деҳаи Ҷангалак пайдо шудааст”, – афзудааст ин ниҳод.
Гуфта мешавад, наҷотбахшон бо расидани хабар ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади зани ҷавони тахминан 20-22-соларо берун оварда, ба пулис супурданд.

Дар ҳоли ҳозир шахсияти духтари ҷавон шиносоӣ нашудааст ва сабаби марги ӯ таҳқиқ мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.