Шайх Сайиднуридин Шаҳобуддинов – тарҷумони “Қонуни тиб”-и Ибни Сино даргузашт

Тарҷумон ва донишманди маъруфи тоҷик Сайиднуриддин Шаҳобуддинов тарҷумони шоҳкори ҳаким Абӯалӣ ибни Сино “Қонуни тиб” аз олам даргузашт.

Дар ин бора аз Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Асрори Раҳмонфар, муовини марказ дар суҳбат ба Pressa.tj Шаҳобуддиновро аз ҷумлаи донишмандони варзидаи соҳаи шарқшиносӣ ва собиқадорони АМИТ унвон кард, ки дар кори тарҷума ва таҳқиқи осори арабӣ нақши бориз дорад.

Марҳум 9 сентябри соли 1943 дар собиқ ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) ба ҷаҳон омада, мактаби миёнаро дар ҳамин ҷо ба итмом расонидааст.

Солҳои 1962-1967 донишҷӯйи шуъбаи арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) будааст.

Баъдан, ду сол (1967-1969), дар мактаби зодгоҳаш муаллимӣ кардааст. Солҳои 1969-1972 дар аспирантураи Институти шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон таҳсил карда, сипас, то вопасин рӯзҳои умраш, дар ҳамин даргоҳ (Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ; Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ; ҳозира Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ) дар вазифаҳои гуногун адои хизмат намудааст.

“Шодравон тамоми ҳунару истеъдоди худро, асосан, вақфи тарҷумаи осори гаронмояи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино намуда, дар самти мазкур шӯҳрати сазовори ҷаҳонӣ ва эҳтирому эътиқоди умум гардидааст. Хизматҳои пурсамару бардавоми Шаҳобуддинов С.Ҳ. борҳо шоистаи мукофоту таҳсинномаҳо гардонида шудаанд” – омадааст, дар сӯгвории маъмурияти Маркази мероси хаттӣ.

“Тарҷумаи илмии рисолаи бунёдии Абӯалӣ ибни Сино “Ал-қонун фӣ-т-тиб”, ки дар тӯли солиёни дарозе шодравон бевосита аз арабӣ ба тоҷикӣ гардонда буду матни мукаммали он имрӯзҳо таҳти унвони “Қонуни тиб” (дар як муҷаллад) аз дасти чоп берун омад, самараи донишу заҳмати беназири ӯ мебошад. Дар нашрияҳои бонуфузи ватанию хориҷӣ беш аз 60 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавии мавсуф интишор ёфтаанд, ки дар мавзӯъҳои умдаи соҳа нигошта шуда, саҳми дигари ӯ дар рушди соҳа ба ҳисоб мераванд” – гуфт Асрори Раҳмонфар.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.