Шарҳи сартабиби шифохонаи Хуҷанд, оид ба “вируси корона”

Шифохонаи касалиҳои сирояткунандаи Хуҷанд, алҳол ягона макон, барои табобати беморони коронавирус дар маркази Суғд ба ҳисоб меравад. Соли гузашта ҳам гирифторони “вируси корона” дар ин ҷо табобат мегирифтанд
Рустамҷон Бурибоев, сартабиби ин Шифохона вазъи кунуниро дар суҳбати рӯзи 11 июл ба Sputnik Тоҷикистон чунин шарҳ дод. Ӯ гуфт, назар ба як ҳафтаи қабл вазъият беҳтар шудааст.

“Ҳоло вазъият идорашаванда аст. Агар ба ҳамин сатҳ равад, мо ба осонӣ аз ин ҳолат раҳо шуда метавонем”, — афзуд сартабиб.
Бурибоев, дар бораи мавҷудияти аломатҳои фарқкунандаи хуруҷи мавҷи дуюми короновирус назар ба мавҷи аввалаааш ибрози андеша намуд.
Сартабиб гуфт, хуруҷи мавҷи дуюми “вируси корона” аз давраи пешӣ чандон фарқе надоштааст.

“Пештар ҳам баландшавии табъ ва дучор шудаш ба мушкили нафаскашӣ аз аломатҳои аслии ин маризӣ ба назар мерасиду ба дунболи ингуна ҳолатҳо дарди сар, гумшавии иштиҳо ва бемадорӣ дар бемор ҳис карда мешуд. Дар ҳоли ҳозир ҳам ин гуна ҳолатҳо нишонаҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд”, гуфт сартабиб.

Дар бораи омори бистаришавии гирифторони коронавирус дар Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи Хуҷанд Рустамҷон Бурибоев аз посух худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки “мо кӯшиш мекунем, ки беморон ҳарчи зудтар шифо ёфта ба хонаҳояшон раванд ”.

Ёдовар мешавем, ки Шифохонаи касалиҳои сирояткунандаи (инфексиони) и шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи бемористонҳое буд, ки шурӯъ аз моҳи апрели соли 2020, яъне аз замони хуруҷи бемории COVID-19 дар кишвар бо реҷаи қарантинӣ гузашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *