Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шикастҳои пайдарпай ва умедҳои барбод рафта…

Дар Олимпиадаи Токио боз як варзишгари дигари тоҷик аз ҳаққи идомаи рақобатҳо маҳрум гашт.

Сиёвуш Зуҳуров, муштзани тоҷик, дар нахустин рақобаташ дар Олимпиадаи Токио шикаст хӯрд.

Зуҳурови 28- сола субҳи имрӯз, бо натиҷаи 0:5 аз ҳарифи фаронсавияш Мурод Алиев дар вазни аз 91 кило боло, мағлуб шуд.

Дар риштаи бокс қаблан дар ин мусобиқот Шаббос Неъматуллоев дар даври аввал мағлуб гаштаву Баҳодур Усмонов ҳарифи ӯзбекашро интизор аст.
Инчунин Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио – 2020 ҷудокорони тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов ва Комроншоҳи Устопириён хотима ёфт.

Фардо дар Олимпиадаи Токио варзишгари шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило бо Энди Грандаи кубагӣ вориди сабқат мешавад.
Ҳамзамон аз шиноварӣ Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов ва Илнур Аҳмадиев аз варзиши сабук вориди сабқат хоҳанд шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.