Шинонома минбаъд дар мактаб дода мешавад, дар Суғд аллакай доданд

Бо дастури роҳбарияти Хадамоти шиносномадиҳии ВКД кормандони хадамот дар минтақаҳо ҷиҳати гирифтани шиноснома қабули дастаҷамъонаи хонандагони муассисаҳои таълимиро ташкил намуда, баъди таҳияи шиноснома дар вазъияти тантанавӣ супоридани ҳуҷҷати асосӣ ба соҳиби онро ба роҳ мондаанд. Услуби хизматрасонии мазкур дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ташкил карда шудааст.
Нозирони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба муассисаҳои таълимӣ ташриф оварда, бо хонандагони синфҳои болоӣ, ки ба синни 16 солагӣ расида, бори аввал шиноснома мегиранд, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ барои соҳиб шудан ба шиносномаи миллиро мефаҳмонанд. Вақте ҳуҷҷатҳои зарурӣ омода шуд, хонандагон берун аз вақту соати дарсӣ бо роҳбаладии омӯзгор ба нуқтаҳои қабули шиносномадиҳӣ ҳозир шуда, ҳуҷҷат месупоранд. Ва шиноснома барои онҳо омода мешавад.
Баъде ки, дар муҳлати муқарраргардида шиноснома омода шуд, кормандони хадамот шахсан ба мактаб ҳозир гардида, дар вазъияти тантанавӣ шиносномаро ба соҳибаш супорида, суҳбати дастурӣ мегузаронанд.
Риояи қоидаҳои буду бош ва истифодаи шиноснома, эҳтиром ва тарзи дурусти ҳифзи ҳуҷҷат аз мавзӯъҳое мобошанд, ки зимни суҳбат ба наврасон маълумот дода мешавад.
Ҳафтаи равон гуруҳи маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар ҳамин гуна як маросими соҳиб шудани хонандагони муассисаи таълимии миёнаи умумии №10 ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов ба шиноснома ширкат варзиданд. Дар натиҷаи корбарии ХШБ ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов 36 нафар хонандагони мактаби мазкур, ки ду ҳафта пеш барои гирифтани шиноснома ҳуҷҷат супорида буданд, санади асосиро, ки шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд ба даст гирифтанд.
Ҳамзамон намояндагони ХШБ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бо хонандагони Гимназияи №24 маркази маъмурии вилоят, масъулини ХШБ ШВКД дар шаҳри Бӯстон бо муҳассилини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 шаҳри Бӯстон, ХШБ ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров бо хонандагони МТМУ №61 ноҳия ва ХШБ ШВКД дар шаҳри Гулистон бо толибилмони МТМУ №14 шаҳри Гулистон корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида, вобаста ба уҳдадории ҳар як шаҳрванд ҷиҳати гирифтани шиноснома ва моҳияти ин ҳуҷҷати асосӣ маълумот доданд. Дар рафти вохӯри бо хонандагон усули соддакардашудаи барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо барои гирифтани шиноснома ва дигар паҳлуҳои алоқаманд ба он фаҳмонида дода шуд. Ҳамзамон масъулини ХШБ варақаҳо бо номгӯи ҳуҷҷатҳои заруриро ба хонандагон дастрас намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *