Шинос шавед: Хушнуд Баҳодуров, сардухтури “Қарияи боло” кист?

Хушнуд Баҳодуров, сардухтури нави Беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов, маъруф ба “Қарияи боло”  60 сол дошта, зодаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад. Ӯ соли 1988 баъди хатми Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ин беморхона омадааст.

Аз ҳамон сол то соли 2009 ҳамчун духтури одӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2009 то 3-феврали соли 2021 ҳамчун мудири шуъбаи барқароркунии бемориҳои амрози дарунаи беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов кор карда, аз 3 феврали соли ҷорӣ сардухтури беморхонаи “Қарияи боло” таъин гардидааст. Аълочии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, духтури дараҷаи олӣ ва оиладор 5 соҳиби  фарзанд мебошад.  

Хушнуд Баҳодуров, сардухтури беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов нақша дорад, ки пеш аз ҳама сифати хизматрасонии тиббиро баланд бардошта, мутахассисони ҷавонро баъди хатми донишгоҳ ва фарогири ба омӯзиши курсҳои кутоҳмудат ба кор ҷалб намояд. Ӯ мегӯяд, бузургтарин нақшаи маъмурияти беморхона ин дар вазъияти тантанавӣ ба истифода додани  Маркази перинаталӣ аст.

“Феълан сохтмони ин марказ бо маром идома дошта, дар назар аст, ки имсол дар рӯзи таҷлил аз Ваҳдати миллӣ ба истифода дода шавад. Барои сохтмон ва ҷиҳозонидани Маркази перинаталӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ 10 миллион Евра харҷ мешавад. Чунин марказ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҳанӯз собиқа надорад”, -гуфт дар суҳбат.

Ӯ афзуд, бинои шуъбаи таваллудхона, ки солҳо боз фаъолият мекард, пурра аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Дар оянда таъмири пурраи сардхона (морг), ки ҳоло ҳолати хуб надорад, пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, ояндаи надик нақлиёти ёрии таъҷилии муосир ба беморхона оварда мешавад.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *