Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ширин Амонзода дар Ӯзбекистон ду санади ҳамкориро ба имзо расонид

Миёни вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон ду санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар доираи сафари кории ба Ӯзбекистон ва натиҷаҳо аз мулоқоту вохӯриҳо бо ҳамтои худ аз кишвари Ӯзбекистон миёни вазоратҳои марбутаи ду кишвар ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ ин ду санад ба бахшҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ марбутанд.

Нахустин санад ин нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои бандҳои Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнати Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мебошад.

Санади дувум ин ёддошти тафоҳум байни МД “Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и Вазорати Тоҷикистон ва “Пажуҳишгоҳи бозори меҳнат”-и Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон мебошад.

“Тасдиқ ва татбиқи санадҳои мазкур муносибатҳои дуҷонибаро дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тақвият намуда, ҳамчунин муносибатҳоро оид ба корҳои илмӣ-пажӯҳишӣ вобаста ба бозори меҳнат, тарбияи кадрҳои коргарӣ ва ихтисосҳои муҳим дар танзими бозори меҳнат ривоҷ мебахшад”, – таъкид доштааст манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.