Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шоҳина Қодирова дар «Чакомаи гесӯ» ғолибият ба даст овард

Дар даври ҷумҳуриявии фестивали “Чакомаи гесу” намояндаи шаҳри Хуҷанд аз рўйи номинатсияи «Ороиши қадимаи мўй» мақоми аввалро ба даст овард.

Дар ин бора аз  маркази матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар дод.  Ҷамъбасти фестивали «Чакомаи гесу»  бо иштироки гулдухтарони тамоми маноитиқи ҷумҳурӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев  баргузор гардид.

Гуфта мешавад, ки  ҳадафи фестивали «Чакомаи гесӯ» тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги тоҷик, муаррифии анъанаҳои неки ниёгон ва арзишҳои миллӣ, инчунин тарғибу ташвиқи парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, тарбияи муоширати духтарон, ҳунари волои машшотаҳо, эҳёи анъанаҳову маросими миллӣ, аз қабили мӯйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ ва ба ин васила рӯйи кор омадани корхонаҳои хурди истеҳсолии шонасозию оинасозӣ, кошонаҳои ҳусн ва талқини зебоипарастӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки ҳусни зан низ мисли чаҳор унсури олам ҷузъиёти худро дорад. Доштани мӯйи зебо, чеҳраи нафис, нигоҳи ҷаззоб ва дандонҳои садафосо аз ҷумлаи ин унсурҳо мебошанд. Зеро доштани мӯйҳои дарозу зебо ороёфта ба занони тоҷик ҳусну ҷамоли дигар зам мекунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.