Шоми зодрӯзӣ дарди сар шуд! Садои таркишмонанд истифодаи салют будааст

13-уми январи соли ҷорӣ дар шабкаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн гардид, ки гуфта мешавад дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе садои баланди таркишмонанд шунида шудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, «бо мақсади санҷиш ва муайян намудани хабари дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида гуруҳи оперативӣ-тафтишотии милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро роҳандозӣ намуда, дар натиҷа муайян намуд, ки садои таркишмонанди рухдода истифодаи оташфаввора (салют) аз ҷониби як нафар сокини пойтахт будааст, ки дар натиҷа вайронкунандаи тартибот дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд».

Дар доираи санҷиш муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Кучаров Мурод Рустамович, санаи таваллудаш 22.03.1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ҳамчун соҳибкори фурӯши масолеҳи сохтмонӣ фаъолият намуда, шаби 13-уми январи соли ҷорӣ соати 21:00 дақиқа дар шоми зодрӯзии духтари 8-солааш дар саҳни ҳавлии истиқоматии кӯчаи Алишер Навоӣ 17/5-и ноҳияи Сино як адад оташфаввораи пуриқтидорро ба кор андохтааст. Дар натиҷаи оташафрӯзӣ маводи пиротехникиии оташфаввора (салют) 8 маротиба ба ҳаво фаввора зада, дар вақти шабона оромии ҷамъиятӣ ва тартиботи сокинони минтақаро халалдор намудааст.

— Тавре муайян карда шуд, оташфаввораи мазкур ба гуруҳи маводҳои пиротехникии пуриқтидор дохил шуда, онро номбурда қаблан ба таври ғайриқонунӣ харидорӣ ва нигаҳдорӣ намуда, дар шаби таҷлили зодрӯзи духтараш истифода намудааст,- меафзояд манбаъ.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Кучаров Мурод Рустамович барои халалдор намудани тартибот ва оромии ҷомеа, ҳамчунин ба таври ғайриқонунӣ харидориву нигаҳдорӣ ва истифода кардани маводҳои пиротехникӣ тибқи талаботи қисми 2-и моддаи 467 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода ва ба андозаи 1920 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *