Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шухии ноҷо, блогери тоҷикро ба 4 сол зиндон бурданист…

31 июл. Айбдоркунандаи давлатӣ аз суд хостааст, ки “пранкер” Кароматулло Ҷаборовро, ки дар қатори метро худро гӯё гирифтори коронавирус вонамуд кардаву ба фарш партофт ва он боиси ҳароси бошандагон шуд, ба 4 соли зиндон маҳкум кунад. – Sputnik.

Дар ин бора РИА Новости бо такя ба хадамоти матбуоти Суди Пресненскии шаҳри Маскав хабар дод.

Айбдоркунанда ба суд муроҷиат карда, дархост кард, ки судшавандагон дар содир кардани ҷиноят тибқи қисми 2 моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (авбошӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содиршуда) гунаҳкор дониста шуда, ба Кароматулло Ҷаборов 4 сол ҳукми зиндони низоми умумӣ дода шавад”, – гуфта мешавад дар изҳороти додгоҳи Маскав.

Ду иштирокчии дигари наворгирии пранк имкон дорад то 3 солӣ зиндонӣ шаванд.

Ҳукми ниҳоӣ блогерҳои тоҷик 2 августи соли равон эълон карда мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки моҳи феврали соли 2020 Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти як ҷавоне хабар дод, ки барои сабти “пранк” дар метрои Маскав худро гирифтори коронавирус вонамуд карда ба фарши роҳрав мепартояд, ки боиси ҳароси бошандагон гардид.

Тавре дар видеое, ки дар интернет паҳн шудааст, дида мешавад, ҷавони тоҷик дар даҳонаш ниқоб вориди вагон мешаваду худро ба фарш мепартояд ва ба дасту по задан медарояд.
Иштироркдори дувуми “пранк”, ин вақт фарёд мезанад, ки “коронавирус инҷост, зудтар гурезед!” ва мусофирон дар ҳоли парешон аз вагон фирор мекунанд.

Баъдтар, шӯхӣ дар шабакаи Ҷаборов дар Ютюб гузошта шуд.
Кормандони пулиси Маскав бар асоси моддаи “Авбошӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.