Шумораи аҳолии Қазоқистон то якуми ноябр эълон шуд

— Аз оғози соли 2021 дар Қазоқистон шумораи аҳолӣ бештар аз 200 ҳазор нафар зиёд шудааст,- хабар медиҳад Tengrinews.kz бо истинод ба маълумоти Бюрои омори миллӣ.

Ба ҳолати 1-уми январи соли 2021 дар Қазоқистон расман 18 миллиону 879 ҳазору 552 нафар зиндагӣ кардаанд. Ба ҳолати 1-уми ноябр шумораи аҳолӣ 19 миллиону 82 ҳазору 467 нафарро ташкил додааст.

Шумораи аз ҳама зиёди аҳолӣ дар Нур-Султон (+44 411, ё 3,75 фоиз), Алмаато (+38 959, ё 1,97 фоиз) ва Шимкент (+32 655, ё 3,04 фоиз) ба қайд гирифта шудааст. Ба ҳолати 1-уми ноябр дар пойтахт расман 1 миллиону 228,8 ҳазор нафар, дар Алмаато 2 миллиону 16,2 ҳазор нафар ва дар Шимкент 1 миллиону 107,1 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.