Шурои уламо: Кӯдакону пиронсолон идгардак накунед!!!

Шурои уламо: Кӯдакону пиронсолон идгардак накунед!!!
Шӯрои уламои Тоҷикистон бо назардошти вазъи эпидемиологӣ дар муроҷиатномае аз калонсолону хурдсолони кишвар даъват кардааст, ки дар рӯзи Иди Қурбон аз идгардак худдорӣ кунанд
Тибқи изҳороти Шӯрои уламо, одатан дар рӯзҳои ид мардум, хусусан кӯдакон ба идгардак мебароянд, ки дар чунин вазъ хатари сироятёбиро бештар мекунад.Иттило медиҳад Sputnik.
“Аз хона ба хона, аз маҳалла ба маҳалла рафта, рўзи дароз дар назди дари мардум бо дасти дароз оворагардӣ мекунанд. Бояд донист, ки аз сабаби хона ба хона гаштани хурдсолон, дар рӯзи ид хатари сироятёбӣ ва сирояткунонии дигарон ба маротиб меафзояд”,- афзудааст манбаъ.
Гурӯҳи дигари талабагони макотиб ба хонаҳои мардуум омада, маҷбуран оят мехонанд. Ҳол он, ки онҳо саводи динӣ надоранд ва ҳатто сураи фотиҳаро ғалат мехонанд, афзудааст Шӯрои уламо.
Ба гуфтаи ин ниҳод, кӯдакон бояд ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд, на ин ки дар кӯчаву хиёбонҳо баҳудаю беҳуда гаштугузор намоянд.
“Мувофиқи таълимоти шариат риояи муқаррароти муроҷиатномаи Шўрои уламо барои мусулмонони ҳамон кишвар шарт аст. Аз ин рў, тақозо карда мешавад, ки мардум хатари сироятёбиро ҷиддӣ дарк карда, аз идгардаки калонсолону кўдакон худдорӣ намоянд”, — таъкид кардааст манбаъ.
Шӯрои уламо аз ҳамаи сокинони кишвар даъват кардааст, ки барои ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ҳатман аз ваксинатсия гузаранд, зеро эмгузаронӣ (ваксинатсия) ягона роҳи нигаҳдории солимии миллат аст.
Ҳамзамон ин ниҳод аз кулли намозгузорон даъват кардааст, ки рӯзи ид ба намозгоҳ бо дастпӯшак ва ниқоб оянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *