Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сигарет ҳам ба зиндон мебарад…боз ба муҳлати 5 сол!!!

Додгоҳи ҳарбии Хатлон капитан Ҷумабой Шодиев ва ҳаммаслаконашро дар қочоқи сигор аз Афғонистон гунаҳкор дониста, барои панҷсолӣ равонаи зиндон кардааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, капитан Шодиев Ҷумабой, ки муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сардори дидбонгоҳи сарҳади 3-юми “Айвоҷ” будааст, бо сӯиистифода аз мансаб ба қочоқи мол даст задааст.

Бино ба иттилои манбаъ, капитани марзбон аввали соли ҷорӣ якҷоя бо Сахӣ ном шаҳрванди Афғонистон ва шаҳрванди Тоҷикистон Солиев Сайфиддин барои қочоқи ғайриқонунии сигор аз тариқи марзи давлатӣ маслиҳат мекунанд. Ба амали қочоқ ҳамчунин Мирзоев Шералиро ҷалб мкарда мешавад, ки қаблан дар чарогоҳи ноҳияи Шаҳритус ба чаронидани чорво машғул буда, минтақаи мазкурро хуб медонистааст.

Додситонӣ мегӯяд, моҳи марти соли равон Сахӣ 15 адад қуттиҳои сигори навъи “ЕSSE”-ро ба минтақаи сарҳадӣ расонда, ба Солиев хабар медиҳад.
Капитан Шодиев ва Солиеву Мирзоев аз соҳили дарёи Аму 15 қуттиҳои дохилашон 7500 қуттиҳои майдаро ба мошин бор карда, хизматчии ҳарбӣ онҳоро аз минтақаи сарҳадӣ бароварда, гусел намудааст, хабар дод манбаъ.

Пайи чорабиниҳои оперативӣ мошини сигор боздошт гардида, зимни азназаргузаронии ҳуҷраи кории капитан Шодиев аз кисаи либоси низомияш 400 доллари ИМА ва 570 сомонӣ ҳамчунин далели шайъӣ гирифта шуд.
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон дар пайи баррасии қазия Шодиев, Солиев ва Мирзоевро ба муҳлати панҷ солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.