Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ситод дар Хуҷанд консерти бахшида ба Кароматуллоҳро манъ кард

Сокинон мегӯянд, баргузории консерт чанд ҳафта пеш эълон шуда, онҳо билети вуруд ба онро харида буданд.

Ситод дар Хуҷанд консерти бахшида ба Кароматуллоҳро манъ кард

Дар шаҳри Хуҷанд ду консерти бахшида ба ёдбуди овозхони саршинос ва яке аз қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ, Кароматуллоҳи Қурбон, баргузор нашуд.

Мақомот гуфтанд, онро бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагир иҷоза надоданд. Сокинон мегӯянд, баргузории консерт чанд ҳафта пеш эълон шуда, онҳо билети вуруд ба онро харида буданд.Яке аз созмондиҳандагони консерт Субҳиддини Раҷабзод мехост, дар ин маҳфил даҳ таронаи Кароматуллоҳи Қурбонро бозхонӣ кунад. Вале дар рӯзи баргузории консерт масъулони мақомоти беҳдоштӣ барои пешгирӣ аз бемории ҳамагир нагузоштанд, барнома доир шавад ва ба даромадгоҳи «Кохи Рӯдакӣ» қарори Ситоди муқобила бо ин бемориро часпониданд.Овозхон Субҳиддини Раҷабзод гуфт: «Ду-се рӯз пеш чунин қароре баромадааст, ки ҳама чорабиниҳои оммавиро барои пандемия манъ кунанд. Ростӣ, саривақт огоҳ накарданд ва мо дер хабардор шудем. Баъд қарор шуд, ки барномаи консертиро ба таъхир гузорем.”

Тақрибан як моҳ аст, ки дар саҳни «Кохи Рӯдакӣ»-и Хуҷанд эълони баргузории чорабинии ҳунарӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ насб гардида, рӯзи 29-уми ноябр барои иштирок дар ин барномаи консертӣ мухлисони Кароматуллоҳи Қурбон ҷамъ омада буданд. Аксари онҳо билет харида буданд ва бо тақдими дастагул мехостанд, пайравони ин сабки ҳунариро шод намоянд.Як сокини Хуҷанд гуфт, «ман нафақахӯр ҳастам ва барои хушҳолӣ ба ин ҷо омадам. Вале барномаи консертиро эълон карданду доир нашуд. Пештар бояд дақиқ мекарданд. Рости гап, ин тарзи рафторашон хуб нест.»

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.