Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

СММ аз вазъият дар Тоҷикистону Қирғизистон хавотир аст

Дар ҷамоати Кӯлканди шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон баъд аз шартномаи оташбас ба оташфишонӣ оғоз намудааст,

Муовини намояндаи расмии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Фархон Ҳақ изҳор доштааст, ки Созмони Милал бо нигаронӣ вазъиятро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон пайгирӣ мекунад.

“Ин вазъро бо нигаронӣ пайгирӣ дошта, хабарҳоро дар ин бора дидем. Ҳамчунин огаҳем, ки ҳар ду давлат – Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи хотимаи оташфишонӣ ба мувофиқа расидаанд. Агар ин дарвоқеъ ҳам рост бошад, аз он истиқбол мекунем”, – гуфтааст ӯ дар брифинг.

Фархон Ҳақ илова намудааст, ки СММ ҳар ду ҷонибро ба гуфтушунид ва ҳалли ихтилофҳо бо роҳи мусолиматомез даъват мекунад, хабар медиҳад РИА Новости .
Ҳамзамон: Дар ҷамоати Кӯлканди шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон баъд аз шартномаи оташбас ба оташфишонӣ аз силоҳ оғоз намудааст, хабар додааст ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳр.
(Матолиби нав сари масъалаи мазкур ҳар замон омода ва пахш мегардад. Бо pressa.tj бошед!)

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.