Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Соҳибкори муваффақи ванҷӣ дар Русия даргузашт

Муассиси Ширкати “Ванҷ Фуд” ва яке аз соҳибкорони муваффақи тоҷик, ки дар шаҳри Маскав фаъолият мекард, дунёро тарк кард.

Хабари даргузашти ин тоҷири тоҷикро дар саҳифаи Фейсбук Моёншо Маҳмадбеков хабар дод. Тавре номбурда менависад: “Хабари нобаҳангоми яке аз чеҳраҳои шинохтаи кишвар ва муассиси Ширкати «ВАНҶ ФУД» дар Россия, ки маҳсулоти Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи кишвар муаррифӣ менамуд, дӯсту бародари хубам-Эҳсон Мунавваровро аз дасти вабои аср наметавон бовар кард. Шодравон Эҳсон ҷавонмарде буд, ки ҳамеша дар рӯзҳои хушиву нохушии ҳамватанон, бахусус муҳоҷирин ҳамеша дар паҳлӯйи онҳо буд. Кӯшиш менамуд, ки аз сидқи дил ва холисона барои ҳар фарди корафтода бо тамоми тавоне дошт, хидмат намояд”.

Моёншо Маҳмадбеков даргузашти чунин як тоҷири шинохтаро талафоти бузург барои диаспораи тоҷикони Русия ва мардуми Ванҷ медонад. Зеро номбурда зодаи Ванҷ буда, ҳамеша мададрасони сокинони ин ноҳия буд.

Гуфта мешавад, ки Эҳсоншо Мунавваров чанд рӯзи охир, ки вазъи саломатиаш хуб набуд ва дар бемористон қарор дошт.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.