Соати 8-имрӯз замин ҷунбид

Маркази заминларза 16 километр дуртар аз қишқоли Қарокенҷи вилояти Суғд буд

Субҳи  26 октябр дар шимоли Тоҷикистон заминҷунбӣ ба амал омад, ки Фарғонаи Ӯзбекистон ва Ботканди Қазоқистонро низ такон дод

Миёни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон заминларзаи 4,6 баллӣ ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Маркази зилзиласанҷии Баҳри Миёназамин ва Урупо.

Заминҷунбӣ имрӯз соати 8:10 дақиқаи субҳ ба вақти Душанбе рух дод. Маркази заминларза дар умқи 10 километр ҷойгир шуда буд.

Маркази заминларза 16 километр дуртар аз қишқоли Қарокенҷи вилояти Суғд ва 125 километр дуртар аз Фарғонаи Ӯзбекистон ҷойгир шудаааст.Ин заминҷунбиро ҳамчунин сокинони Ботканд ва Ӯши Қирғизистон низ эҳсос карданд.Дар бораи талафоти ҷонию молӣ дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон хабар дода нашудааст.  Ёдрас мешавем, ки пештар рӯзи 16 октябр соати 15:10 бо вақти маҳаллӣ 295 километр ҷанубу шарқтар аз Душанбе зилзилаи 5 — баллӣ рух дода буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *