Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҷавоб ба “Санги асос куҷо шуд?”

Дар сомонаи pressa. tj номае аз ноҳияи Файзобод ба нашр расида буд,ки дар он аз кашолёбии сохтмони шуъбаи маорифи ноҳия сухан мерафт. Инак, вокуниши мақомотро дар зер мутолиа намоед.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод хабари Ҳ. Сафарро бо номи “Нома аз Файзобод: Санги асос куҷо шуд?”, ки дар сомонаи Пресса. tj, 22 феврали соли 2021 нашр шудааст мавриди баррасӣ қарор дод.

Боиси қайд аст, ки воқеан ҳам санги асоси бинои шуъбаи маориф 20-сентябри соли 2019 зимни сафари кории Пешвои миллат ба ноҳия гузошта шуда буд ва он боиси ифтихору ҳамовозии аҳли соҳаи маориф ва сокинони ноҳия гардид. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба хотири омода намудани ҳуҷҷатгузорӣ ва таҳияи лоиҳаи бинои шуъбаи маориф дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом дод. Аз ҷумла, лоиҳаи биноро дар асоси фармоиши РСА – назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶДММ “Аршан и К” тайёр ва барои ташхис ба Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ пешниҳод намуд. Баъди баррасӣ ва такмилу ислоҳи камбудиҳо дар лоиҳаи мазкур раёсати экспертизаи давлатии ғайриидорваӣ ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳсрозӣ аз 29 январи соли 2021 хулосаи мусбӣ дод.

Хулосаи мазкур имкон медиҳад, ки сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод оғоз карда шавад.
Мавриди зикр аст, ки корҳои сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳия бояд дар соли 2020 оғоз карда мешуд, аммо бо сабабҳои пандемияи СOVID-19 мувақатан мавқуф гузошта шуда буд. Айни замон мактуби расмии Раёсати сохтмони асосии – назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати оғози сохтмони бинои мазкур дар семоҳаи дуюми соли 2021 ба мақомоти иҷроия ирсол гардидааст, ки тибқи он корҳои омодагӣ ҷараён гирифта, баъзе иншооти дар мавзеи сохтмон буда, аз ҷумла бинои Гимназияи хусусии “Ворисони сомонӣ”, ки айни ҳол фаъолият дорад, кӯчонида мешавад. Маблағгузории лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Нома аз Файзобод: Санги асос куҷо шуд?

Хуб мешуд, агар муаллифи Ҳ. Сафар пеш аз навиштани хабари мазкур ба шуъбаҳои дахлдори МИҲДН муроҷиат намуда, ахбори саҳеҳ дастрас мекард.
Р. Сафаров, муовини раиси ноҳия

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.