Сокини деҳаи Амондараро сел даррабуд

Бар асари фаромадани сел дар вилояти Суғд, чанд деҳа зарар диду як сокини Амондара ҷон аз даст дод.

Шоми рӯзи 5 август тахминан соати 17:30 дар вилояти Суғд, бар асари борони пуршиддат дар ҷамоати деҳоти Амондара сел омад, хабар медиҳад Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд.

Ин сел ба се ҳавлии сокинони деҳаи Амондара лойоба ворид карда, 29 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон, 10 гектар заминҳои кишоварзӣ ва 10 км роҳи автомобилгарди деҳаро низ аз лой пур кардааст.

Ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти Ёрӣ, маҳаллаи Сушанг ва ҷамоати деҳоти Шинг, деҳаи Заврон низ сел зарар расонидааст.

«Дар паи сел як сокини 60-солаи деҳаи Амондара ба ҳалокат расид. Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд аҳолии деҳа ҷасади ӯро аз зери лойю об субҳи имрӯз, 6-уми август, соати 06:20 дақиқа пайдо ва ба соҳибонаш супурданд», — омадааст дар хабарнома.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинони кишвар ҳушдор медиҳад, ки бино ба маълумоти Ожонсии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 6-уми август низ дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ эҳтимоли омадани селҳо вуҷуд дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *