Соли нав дар масҷидҳо қурбонӣ кунед

Раҳбарияти ноҳияи Косони вилояти Қашқадарёи Узбекистон ба кишоварзону соҳибкорони маҳаллӣ дастур додааст, ки дар ҳафтаи ахири соли 2020 дар ҳар як масҷиди ноҳия қурбонӣ кунанд.
Чанд тан аз кишоварзони Косон гуфтанд, масъулони иҷрои ин фармон — муовинони раиси ноҳия, бародарон Султонмуроду Саид Донаевҳо ва Убайдулло Очилов аз ҳар якеи онҳо талаб кардаанд, ки ба ҳукумати ноҳия як гӯсфанди дорои бештар аз 30 кило вазн супоранд.
Ба гуфтаи кишоварзон, раиси ноҳияи Косон гуфтааст, ин «кори хайр» бо як фармони махфии президенти Узбекистон анҷом мешавад.
«Раиси Шӯрои кишоварзони ноҳия Саид Донаев 24 декабр ба ҳама кишоварзони гӯсфандпарвар занг зада, гуфт, соати 17:00 ба маҷлис дар бинои ҳукумати ноҳия ҳозир шаванд. Даъвати ӯро рад кардан номумкин аст. Агар наравед, раиси ноҳия ба нозири минтақавӣ дастур медиҳад, ки агар дар ҷогаи беморӣ ҳам бошад, ӯро биёред», — гуфт як кишоварзи косонӣ.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони дигари мо аз Косон, муовини раиси ноҳия дар ҷаласа гуфтааст, ки қурбонӣ дар масҷидҳо бо фармони президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев анҷом мешавад.
Вале муовини раиси Косон оид ба масъалаҳои молӣ Султонмурод Донаев ин хабарро қотеъона рад кард. «Ин гап дуруғ аст. Касе онҳоро маҷбур накардааст, ки хайр кунанд. Ин номумкин аст», — изҳор дошт ӯ.
Шикоятҳо аз раҳбарияти ноҳияи Косон дар давоми ду ҳафтаи ахир афзоиш ёфта, иқдомҳои вай нигарониҳоеро миёни ҷомеаи ноҳия ба бор овардааст.
“Озодӣ”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *