Сомон шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт

Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони тоҷик, ки имрӯз, 26-уми июл, дар Олимпиадаи Токио дар ду даври муқаддамотии сабқати ҷудо дар вазни то 73 кило бар Аҳмад Аликай аз тими паноҳандагон ва Файе Нҷие аз Гамбия пирӯз шуд, вале мутассифона дар даври севум аз Рустам Оруҷови озарбойҷонӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Сомон Маҳмадбекови 22-сола дар радабандии ҷаҳонӣ дар зинаи 16-ум ва Рустам Оруҷови 29-сола дар зинаи дувум қарор доранд. Дар ин вазн ҳамагӣ 36 нафар номнавис шудаанд. Оруҷови номдору пуртаҷриба, барандаи медалҳои нуқраи Олимпиадаи Рио-2016 ва қаҳрамонии ҷаҳон-2017, муборизаро барои ҷоизаҳои олимпӣ дар Токио идома медиҳад.

Аз байни паҳлавонони тоҷик дувумин шуда Акмал Муродов 27-уми июл ба рақобат мепардозад. Комроншоҳи Устопириён 28-уми июл ва Темур Раҳимов 30-юми июл вориди рақобат мешаванд.

Рақиби Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар даври аввал Ҷоштер Эндрю аз Гуам мебошад. Дар радабандии ҷаҳонӣ Акмал дар зинаи 53-юм ва Ҷоштер дар зинаи 145-ум қарор доранд. Теъдоди варзишгарон дар ин вазн 35 нафарро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *