Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Суқути ҳавопаймо, 47 кас кушта шуд…

Бар асари суқути ҳавопаймои низомӣ дар ҷазираи Ҳоло дар Филиппин 47 нафар кушта шуданд. Дар ин бора рӯзи душанбе Reuters бо истинод ба фармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ Сирилито Собежан хабар дод. Қаблан Вазорати мудофиаи миллии ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки наҷотбахшон дар маҳалли суқут ҷасади 42 низомӣ ва се ғайринизомиро пайдо кардаанд.
Як ҳавопаймои нерӯҳои ҳавоии С-130 Филиппин рӯзи якшанбе дар ҷазираҳои Сулу дар ҷанубу ғарби кишвар суқут кард. Ҳавопаймо 96 корманди низомиро аз шаҳри Кагаян де Оро интиқол додааст. Онҳо дар чаҳорчӯби Гурӯҳи фаврии мубориза бо терроризм ба ҷазираи Ҳоло мерафтанд, то алайҳи ифротгароён ва шӯришиён мубориза баранд.
Тибқи иттилои нерӯҳои ҳавоии ҷумҳурӣ, ҳангоми фуруд омадан ба фурудгоҳ, ҳавопаймо аз хатти парвоз бархӯрда, ба садама дучор шуд ва пас аз он оташ гирифт.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Тихий 05.07.2021 19:53

    Мебахшеду хаво паймо сукут кардааст ки дар натичаи он 47 нафар фавтидан наин, ки кушта шудан калимаи кушта шудан хангоми хамла е заду хурд ба миен меояд мухтарам хабарнигорон

    • Мухтор Бокизода 12.10.2021 06:11

      Эродатон ба маврид аст!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.